mt3.org

 

Ҷавоб ба “гурӯҳи 24”, ки  бо 4 нафар миллатро шарманда кардан хост.


 

4 нафар аз ноҷавонмардон аз ҳаромтарину фаҳштарин, чоплусу худобехабарон, хоинони миллат, кӯрдил ва беномусон, ғару дузд, оқипадару даюс, дасисабозу маккор ва навкарони ким кадом дастгоҳи тахрибкори хориҷӣ, шайтонҳову авомфиребон, номардону сияҳкорони худхоҳ, мансабталабони фиребгар аз “гурӯҳи 24” ва дастгоҳи ҷосусии Кабирӣ шаъну шарафи миллати тоҷикро паст задан хостанд. Чуноне, ки мегӯянд, як гови р...ин тамоми подаро расво мекунад. Ҳамагӣ чор нафар аз шаҳрвандонамон, мутаасифона шояд тоҷик ҳам бошанд дар даст навиштаҷотҳо худро аз “гурӯҳи 24” муаррифӣ намуда дар пешвози Сарвари давлатамон дар Шветсария гуё тазоҳурот кардаанд. Ин аст қудрати Кабирӣ бо тамоми хоҷагони хориҷиаш. Агар касе онро тамошо карда бошад, мебинад, ки ин буздилон танҳо барои иҷрои вазифаашон ин наворро сабт намудаанд. Дар асл он ягон тазоҳурот ҳам набуд ва ягон таваҷҷӯҳе ба онҳо нашудааст. Ҳатто дар масофаи то 50-70 метр дар гирду гӯшаи онҳо одам ҳам набуд.

Ба назари банда ин амали беақлона бо як мақсад ташкил шудааст, яъне гӯр сӯзаду дег ҷӯшад. Аз он Кабирӣ бо ин 4 нафар чоплусаконаш шояд тангае аз хоҷагонашон ба даст оварданӣ шуданд. Вобаста ба ин амал зарбулмасале ҳаст “саг меҷакад корвон мегузарад”.  Тоҷикистон ба пеш! Тоҷикистон ба пеш!

Раҳмон Ҳакимов

 

 

 

 

 

Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти  Љумњурии  Тољикистон, муњтарам Эмомалї  Рањмон  ба  кишварњои Аврупо,  воќеъан  њам  як  зарбаи  сахте ба наҳзатиҳои террорист ва ифротиёни Гуруҳи 24 мебошад.


 

Ин тудаи табоҳкори хоини  миллат њазор доду вой бардоранд,  дарњои  созмонњои  гуногуни  њуќуќи  башар ва ѓайраро кӯбанду худро бегуноҳу бечора ҳам нишон диҳанд, дар  кишварњои Аврупо    паноњандагї  љўянд, ҳар қадар дуруғпароканӣ кунанд ва туҳмат зананд ҳам, дигар  фоидае  надораду дар ин мубориза кайњост дучори  маѓлубият  шуданд.

Кишварњои  Аврупо,  созмону  намояндагињои  онњо  Љумњурии  Тољикистонро  њамчун субъекти мустаќили муносибатњои  байналмилалї  шинохтаанд. Ба ин  масъала  бори дигар  дар вохўрии  Президенти  Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон ва вакилони   Порлумони кишвар бо  вакилони Порлумони Аврупо  дар раъси Фулвио  Мартучелло, ки 31 октябр – 1 ноябри соли 2019 дар шањри  Душанбе  доир  гардид, низ  ишора карда  шуд.

Хоинони миллат, аз ҷумла наҳзатиҳо бояд  фаромўш  накунанд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил имрӯз тамоми қудратро барои истодагарӣ дар муқобили душманон ва маҳв сохтани онҳо дорад. Мисоли равшан, амалиёти махсуси рӯзи 6-уми ноябри соли ҷорӣ аст, ки зимни он сохторҳои қудратии кишвар дар муддати кутоҳ тавонистанд як гурӯҳи калони террористии ДИИШ-ро безарар намоянд. Яъне ҳар гуна душманеро, ки нисбат ба Тоҷикистон нияти бад дорад ва амали душманонае анҷом доданӣ мешавад,  чунин подоши амал интизор аст.

М. Кабириву тарафдоронаш хурсанд  буданду љор  мезаданд,  ки  бо  паноњанда шуданашон  гуё Аврупо  пурра  тарафдори онњо  шудаасту   ба  рӯи Тоҷикистон дарвозањои  худро  мебандад. Вале,  ин  дафъа  низ  тирашон  хато  хўрд ва ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Президенти  кишвар  аз ҷониби давлатҳои муҳимтарини аврупоӣ барои анҷом додани сафар даъват гардиданд ва дар сатҳи олӣ истиқбол гифта шуданд. Сарусадоњои  наҳзатию бистучориҳо дигар њамааш  бефоида  аст. Дигар роњпаймої  мекунед  ё  намекунед, дасту по мезанед, фарќ  надорад. Аз тарафи дигар ин гуна амалҳо  барои  Аврупо  як кори муќаррарї  асту кассе эътибор ҳам намедиҳад. Раҳбарияти давлатҳои Аврупо бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд ва ин тарзи амалро барои худ манфиатнок меҳисобанд, ки албатта дуруст аст.

Ёдовар  бояд  шуд, ки Иттињоди  Аврупо  ахиран  нисбати минтаќаи Осиёи Марказї аз љумла Љумњурии Тољикистон, стратегияи нави  сармоягузорињои  худро  ба  кишварњои  минтаќа  ќабул  кардааст. Аз  ин  лињоз, барои пиёда  кардани он танњо  бо  њукумати расмї  робитаи  корї  доранд,  на  бо  ҷинояткорони фирорї.

Бо  итминон  метавон  гуфт,  ки сафари  Пешвои миллат дар  Аврупо муваффақона идома дорад ва анҷоми он бобарор  хоњад  буд. Натиҷаи мулоқотҳо дар сатҳи олӣ ва созишномаҳои ба имзо расида албатта ба манфиати мардумони ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои аврупоӣ мебошад.

 

Ёралии Набӣ

 

 

 

Дар дипломатияи муосир аксари раду бадалњои байни давлатї ки фарогири самтњои мухталифи њаёти иљтимоиянд, дар давоми солиёни дароз роњандозї шуда, мавриди омўзиш ќарор гирифта баъдан тавассути сафарњои корї ва вохурињои сарони давлатњо ба имзо мерасанд ва баъдан мавриди амал бароварда мешаванд. Дар замони истиќлолият ки Тољикистон ба њайси субъекти мустаќили љомеаи љањонї пазируфта шуд ва равобити муносибатњои дипломатиро ба кишварњои гуногцни љањон ба роњ монд.


Дар шароити имрўзаи љањонї њељ кишвар наметавонад бидуни робитаву муносибат ба кишварњои дигари олам дар танњої масоили иќтисодиву иљтимої ва сиёсиву фарњангии хешро анљом дињад. Имрўз љомеаи љањонї дар равобити мутаќобилаи њамешагї байни субъектњои он ќарор дорад. Њатто абарќудраттарин кишварњои љањон дар робитаву муносибат аз лињози иќтисмої, фарњангї ва иљтимої бо кишварњои дигари љањон ќарор доранд. Тамоми ин робитаю муносибатњо дар чорчубаи созишномањо ва меморандиумњои њамкории дуљонибаи бисёрљониба, ки зимни вохурии сарони давлатњо ба тавсиб мерасад, амалї карда мешавад. Љумњурии Тољикистон њам ки имрўз зиёда аз 200 давлати дунё ва созмонњои минтаќавї аз ќабили ИДМ, СЊШ, СПАД, САЊА ба созмонњои љањонї аз ќабили СММ ва зери сохторњои он дар робитаи њамешагї ќарор дорад ва бо онњо созишномањои муаяйнеро ба имзо расонидааст, ки аз онњо то њанўз бањрабардорї менамоянд. Сафарњои Президенти кишвар љињатњои муњими иќтисодию сиёсї ва иљтимоию маънавиро дар бар мегирад. Ањамияти ин сафарњоро метавон ба тарзи зайл дастабандї намуд.

 

  1. Ин сафарњо дорои ањамияти иќтисодї буда, зимни онњо созишномањои тарафайн љињати ба роњ мондани њамкорињои иќтисодї аз љумла таъсис додани корхонањо ё филиали корхонањо, ворид намудани технологияи навин, сармоягузорї дар бахшњои гуногуни њаёти иќтисодию иљтимої, бозорёбї, тиљорат ва амсоли инро дар бар мегиранд, ки имкон медињанд минбаъд як пешрафти куллие дар ин самт ба вуљуд ояд.
  2. Љињати сиёсї зимни мулоќотњо, гуфтушунидњо ва вохурии сарони давлатњо бори дигар сиёсати хориљии кишвар муайян гардида, мустаќилияти кишвар ва тасмимгирињои сиёсии он љињати робита ва муносибат ба кишварњои дигар муайян мегардад. Њамчунин манфиатњои миллии давлати Тољикистон муайян гардида зимни табодули афкор ва бастани шарномањо онњо њамчун мењвар ќарор гирифта симои сиёсати дохилї ва хориљии Тољикистонро муаяйн месозанд.
  3. Табодули фарњангї сурат гирифта робитањои фарњангии ќавї мегарданд ва бо фарњанг, дастовардњо, таърих, љойгоњ, таъсиргузорї, арзишњои кишварњои мутаќобила, ошної  пайдо менамоянд. Дар ин замина бахши љањонгардиву сайёњї рушд намуда таъриху осори кишварњои гуногун муаррифї мегарданд.
  4. Ин сафарњо метавонанд кишварро муаррифї намуда таърих, арзишњо, фарњанг, мавќеи љойгиршавї, захирањои табиї, имкониятњои рушд, дурнамои рушд, ќонунгузорї, шакли давлат ва амсоли инро муаррифї намоянд. Дар аксари ин сафарњо мулоќоти роњбари давлат ба тољирони сармоягузорони кишвари мизбон сурат мегирад,ки зимни он имкониятњои кишвар дар самти иќтисодї дар шакли лоињањои ифодагари манфиатњои тарафайн муаррифї мегарданд.Њамин аст,ки тайи 28 соли ахир зимни сафарњои Сарвари давлат Тољикистон муаррифї гардида  имкониятњои он ва таъриху фарњанги моро кишварњои гуногун шинохтанд ва пазируфтанд.
  5. Ањамияти таљрибавиву бозомўзї доранд. Мусаллам аст, ки зимни сафарњои сарвари давлат њайатњои муайян аз бахшњои гуногуни  нињодњои иљтимої аз ќабили нињодњои иќтисодї омўзишу парвариш, илм, тандурустї, амниятї ва дигар соњот љалб мешаванд, ки зимни ин сафарњо вобаста аз самти хеш таљрибаи наверо аз худ мекунанд, ки онро метавонанд, минбаъд дар раванди кори хеш дар нињоде, ки ба он роњбарї мекунанд, истифода намоянд.  Њамчунин дар рафти ин сафарњо мавќеи кишвари мизбон аз рўи шохисњои иќтисодию иљтимої  муайян гардида роњњо ва шевањои рушди он ва то ба дараљаи њозира омада расидани он мавриди омўзиш ќарор мегиранд, ки мо минбаъд таљрибаи онњоро низ вобаста аз вазъиятњо ва тайёр будани кишварамон аз лињози маънавию иќтисодї метавонем онро дар кишварамон татбиќ намоем.
  6. Ањамияти маънавию љањонбинї доранд. Пеш аз њама ин сафарњо ба њар кишвари мавриди назар аз лињози таърих маънавиёт, фарњанг, арзишњо, зинањои рушд, тарзи давлатдорї, сатњи илму фарњанг, дастовардњои навини илмию фанноварї, њайатњои ширкатварзро таъсиргузор буда љањонбинї ва маънавиёти онњоро доир ба кишварњои мавриди назар роњи рушди онњо таљрибаю таърих, бовару эътиќод, дараљаи ташаккули иљтимої, дидгоњњои сиёсию иљтимої, мардумсолорї ва амсоли ин дигар мекунанд.

 

Вобаста ба куллиёти ањамияти сафарњои сарвари давлат ба хориљи кишвар гуфтан мумкин аст, ки курдилоне, ки дар хориљи кишвар ба сиёњ кардани давлату миллат машѓуланд ва дар тамоми фаолияти хеш њељ амали хуберо барои пешрафти кишвар анљом надодаанд, аз рўи ѓаразу кина ин сафарњоро як амалњои беарзиш унвон мекунанд. Инњо боре ба худ суол намекунанд, ки дар бомдоди истиќлол мо дар кадом вазъ будем, чи муаррифие джар байни кишварњои минтаќаву љањон доштем равобиту муносибатњои иќтисодиву иљтимоиямон ба кишварњои минтаќаву љањон дар чи поя буд ва имрўз дар чи поя ќарор дорад ва то чи андоза  ин сафарњо аз лињози иќтисодиву сиёсї ва иљтимоиву фарњангї ба љомеаи Тољикистон таъсир гузоштаанд, ошкор хоњад шуд. Танњо зарур аст ѓаразњоро канор гузорем ва тањлилњоро холисона баррасї намоем, он гоњ хоњем дарк кард, ки ин сафарњо воќеан барои миллат ва мардуми кишвар нињоятан сермањсул будаанд.

 

Эњсони Илњом

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо муносибати хуб дошта, ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст.


Дар доираи Стратегияи нави ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Маркази, ки соли 2014 барои солҳои 2014-2020 ба тасвиб расидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳои дуҷонибаро асосан дар бахшҳои тандурусти, маориф ва рушди деҳот ба роҳ мондаанд. Айни замон ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломи ва созмони ифротии Гурўҳи 24 тавассути сомонаҳои ифротиашон аз хабари сафари расмии Роҳбари давлат ба Иттиҳоди Аврупо сўистифода намуда, ба танќиди сафари расмии Роҳбари давлат камар бастаанд ва маълумоти бардурўѓу иѓвоангез ва тафриќаандозро паҳн намуда истодаанд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, ташкилоти террористии наҳзатиён ва гурўҳи 24 аз ҳар як иќдоми Роҳбари давлат ҳангомасози намуда, аз воќеият сарфи назар мекунанд.

 

Сафари расмии Роҳбари давлат ба Иттиҳоди Аврупо то андозае ташкилоти террористии наҳзатиён ва гурўҳи 24-ро нигарон кардааст, ки ќабл аз сафари расмии Роҳбари давлат ба иѓвогариву дасисабози машѓул шуда, мехоҳанд бо ин роҳ монеа эҷод кунанд ва сади роҳи ин сафар гарданд. Ташкилоти террористии наҳзатиён аз он хавфу ҳарос доранд, ки ин сафари расми метавонад дар оянда барои онҳо мушкилоти зиёде ба вуҷуд оварад. Чунки дар доираи ин сафари расми имкон дорад тамоми туҳматҳову дурўѓҳояшон барои Иттиҳоди Аврупо ошкор гардад ва онҳоро аз кишварашон хориҷ кунанд. Ташкилоти террористии наҳзатиёнро танҳо кишварҳои Аврупо сарпаноҳ доданд ва онҳо доир ба террористии онҳо ба ќадри кофи маълумот надоранд. Вале онҳо ба ҳадафи нопоки худ намерасанд.

Сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати демократи, ҳуќуќбунёд, дуняви ва ташаккули ҷомеаи шаҳрванди устуворона ќадам гузошта, новобаста аз он ки Иттиҳоди Аврупо ба хоинони миллаташ сарпаноҳ додааст, бо онҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро идома медиҳад ва робитаҳои кишварашро бо Иттиҳоди Аврупо аз ќабл дида мустаҳкамтару устувортар мекунад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти чанд нафари наҳзатии террорист ва дар Иттиҳоди Аврупо зиндаги кардани онҳо чандон муҳим нест. Зеро барои миллати тоҷик фаъолияти тахрибкоронаи наҳзатиёни террорист ва Гурўҳи 24 ошкор гардидааст ва ҳеҷ нафаре ба иѓвову дасисаҳои онҳо аҳамият намедиҳад. Барои миллати тоҷик муҳим он аст, ки бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳои дуҷонибаро афзоиш диҳад ва робитаҳоро мустаҳкаму ќавитар гардонад.

Итминони комил дорем, ки Роҳбари давлат дар ин сафари расмии худ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба муваффаќиятҳои назаррас ноил гардида, ба мисли ќабл дар рушду нумўи кишвар саҳми боризи худро мегузорад.

Ёралии Набӣ

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар