09 Ноябрь 2019
М. Садриддин матлаби навбатиашро ба масъалаи Радиои Озодӣ бахшида, дар ростои сафари Президенти Тоҷикистон ба Аврупо лафзпардозӣ ва ҳангомасозӣ кардааст.
Ҳар замоне ки барои огоҳӣ ёфтан матолиби расона ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилиро мурур мекунем, дар баробари дарёфти иттилооти нофеъ, ба сели таҳқиру тавҳиноти пуриддаотарин матлабнависи наҳзатӣ ҷаноби М. Садриддин мувоҷеҳ мегардем. Ростӣ, ҳазорон маротиба худро муваззаф сохтем, ки дигар ба ин навъ матолиб посух надиҳем ва нодида бигирем, намешавад. Агар сукут ва хомӯширо ихтиёр кунем, ин тоифа ҳазорон тамғаи дигар, мисли “фабрикаи ҷавоб”-ро бар гарданат мезананд. Ногуфта намонад, ки ҳар кӣ алайҳи мутолиботи ин тудаи бадхоҳ чизе интиқодӣ бинависад, ҳатман тамғаи “фабрикаи ҷавоб”-ро мезанандаш. Бигзор, ифротиёни наҳзатӣ танҳо шумо ҳаққи интиқодоту таҳқиротро доред? Дигаронро ҳам бигзоред, то дар нисбати матолиби интиқодиатон чизе нақдгуна интишор бидиҳанд. Ба ин манзур, ба матлаби ахирии М. Садриддин иҷмолан посух медиҳем, ки чанд соати пеш дар сомонаи “Ислоҳ.нет”мунташир шудааст.
Кафкпаронию иддао ва манманиҳои М. Садриддин ба ин мазмун, ки: “бахши бузурге аз ҷамъияти Тоҷикистони кӯчак” будан ва “дар дохил ҳаводор ва ҳам дар Урупо фаъолияти озодона дорем ва мо оппозитсияи ин режими диктотур ҳастем” дигар ҳадду канор надоранд ва ӯ мисли ҳарвақта аз неруи ба истилоҳ, оппозитсионӣ тавсифу тамҷид мекунад ва ба қавли мардумӣ: “ба осмони ҳафтум мебарорад”. Ӯ дар ҳоле интиқодоти шадидуллаҳни худро дар самти сиёсати диктотурӣ рӯйи сафаҳоти пойгоҳи хабариаш мерезад, ки рӯйи диктотури исломи сиёсӣ тамаркуз ва хомафаросоӣ мекунад. Неру ва ин ташаккулаи сиёсие, ки М. Садриддин дар листи он қарор дорад, дар асл, диктотурист. Ботин ва сиришти афроде, ки бар мабнои исломи сиёсӣ бебаркаш даъвою иддао мефурӯшанд, сад дар сад диктотурист. Ҳарфу алфози қабеҳе, ки аз забони М. Садриддин “метаровад”, магар ба диктотурӣ иртибот надоранд? Тафовут танҳо дар ин аст, ки ин неруи оппозитсонӣ, ки бар асоси исломизм ё исломи сиёсӣ маъракагирии сиёсию идеологӣ ҷур кардааст, дар Аврупо ниёзу даъвиҳои салтанатхоҳию диктотуриашро дар либоси демукросӣ ва либеролизм пинҳон сохтааст ва мунтазири вазъият ва фурсати хуб мебошад. Гумон мекунам, ки як гурӯҳ